Моҳият ва аҳамияти Қатънома “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036”

Моҳият ва аҳамияти Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036”

Дар ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯст, масъалаи таҳкими сулҳ ва субот аҳамияти махсус касб кардааст. Бо дарназардошти ин вазъият, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Роҳбари давлат Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд ва бо дастгирии аъзоёни он қабул гардид. Ин иқдом ҳамчун як қадами муҳим дар самти таъмини амният, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Қатъномаи мазкур ба зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории байналмилалӣ таъкид менамояд. Он на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки як барномаи амалӣ барои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳадафи асосии ин даҳсола тарбия намудани наслҳои оянда дар рӯҳияи сулҳ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва пешгирии низоъҳо мебошад.

Дар доираи ин ташаббус, давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид уҳдадор мешаванд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро ба таҳкими сулҳ ва ҳамкории созанда равона намоянд. Инчунин, таваҷҷуҳи махсус ба таълим, фарҳанг ва иттилоот дода мешавад, зеро маҳз ин соҳаҳо дар ташаккули шуури ҷомеа нақши калидӣ доранд.

Яке аз сабабҳои асосии қабули чунин қатънома афзоиши низоъҳои минтақавӣ, терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳои глобалӣ мебошад. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон нооромӣ ва ҷангҳо ба ҳаёти миллионҳо одамон таъсири манфӣ расонидаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд чораҳои мушаххас ва ҳамоҳангро барои пешгирии чунин ҳолатҳо андешад.

Илова бар ин, тағйирёбии иқлим, камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ низ метавонанд ба нооромӣ оварда расонанд. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ танҳо бо роҳи сиёсӣ имконнопазир аст, балки бояд бо рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамоҳанг карда шавад.

Дар қатъномаи мазкур ба нақши ҷавонон ва низоми маориф аҳамияти махсус дода шудааст. Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии ҷомеа метавонанд дар таҳкими сулҳ саҳми бузург гузоранд. Бо таълими дуруст ва тарбияи арзишҳои инсондӯстӣ, онҳо метавонанд ба пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат намоянд.

Муассисаҳои таълимӣ бояд барномаҳоеро ҷорӣ намоянд, ки ба рушди фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми гуногунандешӣ равона шудаанд. Инчунин, истифодаи технологияҳои муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн намудани арзишҳои мусбат муҳим мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯёна ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилаӣ аз чунин ташаббусҳо ҳамеша дастгирӣ хоҳад намуд. Таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳ ва ваҳдат асоси пешрафт ва рушди устувори ҳар як давлат мебошад.

Хулас, Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” як иқдоми муҳим дар роҳи таъмини суботи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ташаббус на танҳо ба ҳалли мушкилоти имрӯза, балки ба бунёди ояндаи осоишта барои наслҳои оянда равона шудааст.

Таҳкими сулҳ вазифаи ҳар як инсон ва ҷомеа мебошад. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ҳамкорӣ метавон ҷаҳони бидуни ҷанг ва низоъро бунёд кард. Аз ин рӯ, татбиқи муваффақонаи ин даҳсола метавонад ба рушди устувор ва зиндагии осоиштаи инсоният заминаи мустаҳкам гузорад.

Дар Ватане, ки мо зиндагї ва умр ба сар мебарем сулҳу ваҳдат пойдор хоҳад буд ва њар зарра хокаш муќаддас ва њар ваљаб заминаш музаффариятњои њар як инсон мебошад. Бинобар ин, баҳри њама дастгирињо ва ѓамхорињои давлату Њукумати Тољикистон тамоми саъю кўшиши худро барои ободиву пешрафти сарзамини аљдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва давлати миллиамон бошем ва њамзамон таъкидњои дурандешонаи Сарвари давлатамонро шиори кору фаъолияти њаррўзаи худ ќарор дињем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун асоси муҳимтарини давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа меҳисобанд. Ин аст, ки бо ташаббусҳои пайвастаи байналмиллалии хеш Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва пешбарандаи иқдомҳои созанда дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Судяи суди ноҳияи Дарвози

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Амрихудозода Фарида Дайхудо