Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлолият
Ваҳдат калимаест, ки бо маънои томаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват менамояд. Инсоният бидуни ягонагӣ ва баробарӣ наметавонист ба мартабаи имрӯзаи худ бирасад. Аз қадимулайём одамон барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёти шоиста талош мекарданд. Маҳз ваҳдат инсониятро ба беҳтарин тараққиёт ноил гардонидааст ва мегардонад.
Барои пешбурди давлат ва давлатдорӣ, рушду тараққиёти он халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш мегирад. Ҳар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост ва ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амнияту баракат зиёд мебошад. Замонҳои мушкиле, ки бар сари миллати тоҷик омад, аз вайроншавии сулҳу ваҳдат ба сабаби дахолати қувваҳои бегона сарчашма гирифт ва сутуни ваҳдат зарар дид. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он ба харобӣ ва бесарусомонӣ оварда расонд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳм карда, барои эҳёи миллат шахсеро ба сафи пеш баровард, ки тавонист зиндагии шоистаро барқарор намояд.
Дар ҳар давру замон нобиғаҳои барҷаста, шахсиятҳо ва роҳбарону сиёсатмадорони хирадманд дар ташаккул ва пешрафти давлат нақши муассир доранд. Ба шарофати ақлу заковат, дурандешӣ, таҳаммулгароӣ ва пешбурди сиёсати одилона ва инсондӯстонаи онҳо сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ пойдор гардида, ҷомеа рушду инкишоф меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихӣ мебошад, ки дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсии кишвар масъулияти бузурги ояндаи халқ ва давлатро бар дӯш гирифта, сулҳу амният ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар кишвар таъмин намуд. Ӯ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳамгироии мардум хизматҳои бузург анҷом додааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати Пешвои миллат мардум ба баробарӣ ва бародарӣ даъват карда шуданд ва ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ба миён омад, ки масъалаҳои бисёр муҳими кишварро ҳаллу фасл намуд. Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва иҷрои пайвастаи он, муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардид. Сатҳи худшиносии миллӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа боло рафт ва баъди ба имзо расидани Созишнома 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.
Бинобар ин, сарвати беҳтарини халқи азизамон ваҳдат ва ягонагӣ мебошад. Мо бояд шукронаи сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолии кишвар ва роҳбари хирадманду дурандешамонро намоем. Имрӯз мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат зиндагии шоиста доранд ва вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Амрихудозода Фарида Дайхудо
Судяи суди ноҳияи Дарвози ВМКБ
Суди ноҳияи Дарвоз 