Таҳлили сабабу шароитҳои ба қонунвайронкуниҳои ҷиноятӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидаткунанда
Санаи 24 феврали соли 2026 тибқи Нақшаи чорабиниҳои МИҲД- и ноҳия ва нақшаи дохилӣ- идоравии Суди ноҳияи Дарвоз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз таҳти раёсати Раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон бо иштироки Раиси суди ноҳияи Дарвоз Мирзохонзода Амриддин Шамсимад ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони Дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳою бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва сардорони идораю муассисаҳо, эмомхатиби масҷиди ҷомеи маркази ноҳия ва дигар фаъолон маҷлиси васеи назди раис баргузор гардида, дар он талаботҳои таъинотҳои хусусӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, инчунин парвандаҳои оилавӣ оид ба аъзои оилаи молик эътироф кардан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ, ки аз нуқтаҳои асосии мазмун ва муҳтавои бандҳои алоҳидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025 бармеоянд, баррасӣ карда шуданд.

Машваратро Раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон кушода, иҷрои ҳатмии қонунгузориҳои зикршударо ба масъулин супориш доданд.
Таъинотҳои хусусӣ аз ҷониби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Қурбониён Маъмурҷон Маҳмуд пешниҳод гардиданд.
Ҳамзамон, вобаста ба мазмун ва муҳтавои таъинотҳои хусусии маҷлиси судӣ Раиси суди ноҳияи Дарвоз Мирзохонзода Амриддин Шамсимад баромад карда, иҷрои ҳатмии онҳоро бинобар бартараф гардидани сабаб ва шароитҳое, ки ба ҷиноят ва қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, аз масъулин талаб намуданд.

Суди ноҳияи Дарвоз 

