Баррасии парвандаҳои ҳуқуқваронкунии маъмурӣ дар маҷлиси сайёри судӣ

Имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои дохилиидоравии Суди ноҳияи Дарвоз дар толори шуъбаи маорифи ноҳия аз ҷониби раиси Суд Мирзохонзода Амриддин Шамсимад дар иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 40 ва 42 ва волидайни онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маҷлиси сайёрӣ судӣ баррасӣ гардиданд.
Дар маҷлис, инчунин муовини раиси ноҳия Қосимӣ Диловар ва судяи Суди ноҳия Амрихудозода Фарида ширкат намуданд.
Дар анҷоми маҷлиси сайёри судӣ аз ҷониби раёсат мазмуну муҳтавои қонуни зикргардида ва нуқтаҳои асосии он фаҳмонида шуда, вобаста ба баъзе масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ‘Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда, фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва либоспӯшии духтарон ибрози андеша карда шуд.
Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокдорон посух дода шуд.