Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – барномаи таҳкими қонуният ва адолати иҷтимоӣ

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои муҳими сиёсӣ ва барномавии давлат ба ҳисоб меравад. Ин ҳуҷҷат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро барои мақомоти давлатӣ ва ҷомеа муқаррар менамояд.

Дар соли 2025 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ, волоияти қонун, таъмини адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа бахшида шуд. Дар Паём таъкид гардид, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои олӣ ва дастоварди бузурги халқи Тоҷикистон мебошанд.

Яке аз самтҳои марказии Паём таҳкими қонуният ва таъмини волоияти қонун мебошад. Пешвои миллат зарурати риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон таъкид намуда, масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ­ро дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бар зидди коррупсия муҳим арзёбӣ намуданд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, танҳо дар шароити волоияти қонун ва интизоми ҳуқуқӣ рушди устувори давлат таъмин мегардад.

Дар Паёми соли 2025 масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ мавқеи муҳимро ишғол намуд. Таъкид гардид, ки тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ омили асосии таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд мебошад. Мақомоти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Қисмати муҳими Паём ба сиёсати давлатӣ нисбат ба занон бахшида шуд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки занону модарон неруи созандаи ҷомеа буда, нақши онҳо дар таҳкими пояҳои оила, тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа хеле муҳим аст. Баробарҳуқуқии зану мард ҳамчун принсипи конститутсионӣ арзёбӣ гардида, зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ таъкид карда шуд.

Дар Паём инчунин масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳифзи ҳуқуқи занон мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифт. Сарвари давлат зарурати тақвияти чораҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро дар ин самт махсус қайд намуданд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, дастгирии иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян гардиданд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаи ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ ва сохторҳои идоракунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ҷомеаи муосир бе иштироки фаъоли занон ғайриимкон аст ва давлат сиёсати дастгирии онҳоро пайгирона идома медиҳад.

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 барномаи мушаххаси амал барои таҳкими давлатдории миллӣ, волоияти қонун ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Самтҳои муайяншудаи сиёсати давлатӣ ба таъмини суботи сиёсӣ, адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа равона гардидаанд.

Ҳамин тавр, Паёми солонаи Сарвари давлат ҳамчун санади муҳими стратегӣ дар рушди давлат ва ҷомеа нақши калидӣ дошта, барои мақомоти давлатӣ ва ҷомеа роҳнамои амал маҳсуб меёбад.

Судяи суди ноҳияи Дарвоз   Амрихудозода Ф.Д.