Таҳлили нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

Рӯзи 11-уми феврал вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон, Раиси суди ноҳияи Дарвоз Мирзохонзода Амриддин Шамсимад, сардори шӯъбаи КДАМ-и ноҳияи Дарвоз Иброҳимов Эҳсон, раиси ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз Шарифов Хайёл ва намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия Абдуллоев Қиёмиддин дар деҳаҳои Яхчи сор, Зиғар, Хостав ва Жаки Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардида буд, ба саҳми сокинони деҳаҳои зикршуда расонида шуд…
Иштирокдорон доир ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳар як шаҳрванд бояд Паёмро мутолиа карда, онро ҳамчун дастурамали фаъолияти худ қарор диҳад.
Ҳамзамон, раиси ноҳия ва гурӯҳи корӣ ҷиҳати саривақт амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба саффи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуданд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, терроризм ва экстремизм, вусъати корҳои сохтмонӣ, бунёду ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ, иншооти тиббӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ободонию созандагӣ дар маҳалҳо суханронӣ намуданд.

Суди ноҳияи Дарвоз 

