Таҷлили Рӯзи сарҳадбонон дар қисми низомии 0409-и ноҳияи Дарвоз

Имрӯз тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо иштироки сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарони қисми низомии 0409-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ноҳиябуда, чорабини фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Саравал, муовини раиси ноҳияи Дарвоз Давлатзод Ҳаким ба сухан баромада, кули афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон табрику муборакбод гуфта, пеш аз ҳама саломатии комил ва дар фаъолияти душвор, вале пуршарафи хизматияшон барору комёбиҳои беназир орзу намуда, зикр карда шуд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизматию маишии сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хубтару беҳтар гардидааст.
Қайд карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади тақвият бахшидани ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ба таҳкиму таъмин бахшидани ин ниҳоди қудратӣ, эътибори аввалиндараҷа дода, баҳри муҳайё кардани шароити хизмативу маишии ҳайати шахсӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Махсусан, дар тӯли солҳои охир дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ садҳо адад дидбонгоҳои сарҳадии наву замонавӣ бо фароҳам овардани тамоми инфрасохтораи соҳавӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёду азнавсозӣ гардидаанд.
Сипас, раиси суди ноҳияи Дарвоз Мирзохонзода Амруддин ба сухан баромада, кулли афарону сарбозонро ба муносибати иди касбияшон самимона табрику таҳният намуда, қайд намуданд, ки имрӯзҳо сафи ҷавонони далеру шуҷоъи Ватан, ки ҷавонмардона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар махсусан Қушунҳои сарҳадӣ хизмати ҳарбӣ намуда, истодаанд ба маротиб зиёд гардаидааст, ки ин нишонаи ватандустӣ ва худшиносии миллии ҷавононро нисбат ба марзу буми кишварро нишон медиҳад.
Дар баробари ин, командири қисми ҳарбии 0409-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ноҳия Ободов Арконалӣ ба сухан баромада, кулли сарбозону афсарон ва ҳамкасбони хешро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, таъкид намуданд, ки имрӯз мо хизматчиёни ҳарбӣ ҷавобан ба он ҳама дастгириву ѓамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон садоқатмандона ҳар як ваҷаб хоки ин сарзаминро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.
Ҳамзамон, ба як қатор афсарон барои хизматҳои арзанда дар таъмини амнияти сарҳади давлатӣ, иштироки фаъолона дар фаъолияти хизматию- ҷангӣ, интизоми баланди ҳарбӣ, саҳми назаррас гузоштан дар сохтмони дидбонгоҳхои сарҳадӣ, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи раиси ноҳияи Дарвоз қадрдонӣ қарда шуданд.
Баъдан кормандони бахши фарҳанг бо шеъру сурудҳои рангини худ, ки тараннумгари Ватан, сулҳу дустӣ ва Истиқлолият мебошанд таъби иштирокчиёнро болида сохтанд.