Бахшида ба 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми солонаи Пешвои миллат, Презтденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ум «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Вобаста ба ин, тибқи нақшаи чорабиниҳои Суди ноҳияи Дарвоз баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва бо мақсади тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаррароти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мулоқоту вохӯриҳои судмандро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ба роҳ мондааст.
Чунин вохӯрӣ бо хонандагону омӯзгорон дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат баргузор карда шуд.