Ваҳдати миллӣ – сарвати бебаҳост

Ваҳдат калимаест, ки бо маънои томаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват менамояд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расидан аз қадимулайём барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии зиндагии шоиста умр ба сар мебурданд. Маҳз ваҳдат инсониятро ба беҳтарин тараққиёт ноил гардонид ва мегардонад.
Барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш мегирифт. Ҳар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост ва ҳар ҷое, ки сулҳ аст амониву баракат он ҷо зиёд мебошад. Замонҳои мушкиле, ки бар сари миллати тоҷик омад аз вайроншавии сулҳу ваҳдат ба сабаби дахолати қувваҳои бегона буд ва сутуни ваҳдат зарар ёфт. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он ба харобшавӣ ва бесару сомонӣ оварда расонд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, барои харобаҳо ва эҳёи миллат шахсеро ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист ҳаёт ва зиндагии шоистаро барқарор намояд.
Дар ҳар давру замон нобиғаҳои барҷаста, шахсиятҳо ва роҳбарону сиёсатмадорони хирадманд дар ташаккулу пешрафти давлат нақши муассир дошта, ба шарофати ақлу заковат, дурандешиву таҳаммулгароӣ ва пешбурди сиёсати одилонаю инсондӯстонаи онҳо сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ пойдор гардида, ҷомеа рушду инкишоф меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихие мебошад, ки дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсии кишвар масъулияти бузурги ояндаи халқу давлатро бар дӯш гирифта, сулҳу амният ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар кишвар ба миён оварда, барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини сиёсиву ҳамгироии мардум ва пойдории ҳокимияти конститусионӣ хизматҳои беназирро анҷом додааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба баробариву бародарӣ даъват намуд ва ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил шуда буд, ки бисёр масъалаҳои мураккабро ҳаллу фасл намудан зарур буд. Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва иҷрои пайвастаи он муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардида, сатҳи худшиносии миллӣ ва шуури иҷтимоии ҳама табақаҳои ҷомеа боло рафт ва баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ 27 июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.
Бинобар ин, сарвати беҳтарини халқи азизамон ин ваҳдат ва ягонагист. Шукронаи сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолии кишвар ва Роҳбари дурандешу хирадмандамон намуда, имрӯз мо мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат зиндагии шоиста бурда истодаем ва вазифаи мост, ки ин Ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Амрихудозода Фарида Дайхудо
Судяи суди ноҳияи Дарвоз